+(992) 903-02-22-98
По будням с 9:00 до 19:00

Садриддин Айнӣ: Энсиклопедияи насри муосири тоҷик (Ёддоштҳо)

Модель: k4398-8
268 сомони
Предзаказ
АЗ НАШРИЁТ « Ёддоштҳо » беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм , равон , дипрас ва ҷаззоб аст . « Ёддоштҳо » -ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номи дан шояд иштибоҳ набошад , зеро агар амиқ андешед , пай хоҳед бурд , ки устод воқеаеро ба таври муҷаз дар « Ёддоштҳо » ...
Книги
Язык издания
Таджикский
Переплет
Твёрдый
Кол-во страниц
679
Год издания
2009


АЗ НАШРИЁТ


« Ёддоштҳо » беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм , равон , дипрас ва ҷаззоб аст . « Ёддоштҳо » -ро як навъ феҳристи тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номи дан шояд иштибоҳ набошад , зеро агар амиқ андешед , пай хоҳед бурд , ки устод воқеаеро ба таври муҷаз дар « Ёддоштҳо » оварда бо як ҷумлаи ҳаволай иброз медоранд , ки « ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам » ( мазмунан ) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот дода иттилои комилро ба яке аз ро манҳояш ҳавола мекунанд . « Ёддоштҳо » -е , ки дар дасти Шумост , асосан аз рӯи « Куллиёт » -и ( ҷилдҳои 6 ва 7 ) Айнӣ , ки соли 1962 чоп шудааст , рӯнавис шуда , дар дигар сохту андоза муқовабандиву саҳҳофӣ гардида , ҳангоми тарроҳиву ороиш дар оғози ҳар қисм аз ашъори устод Айнӣ намунаҳое оварда шудаанд , ки бидуни чор мисраи авва ли оғози китоб дигар аз таркиби « Ёддоштҳо » берунанд ва мароми ноширанд . Ҳамчунин аз баъзе аксҳои дар « Куллиёт » овардашуда , ки ба мавзӯъ иртиботи кам доштанд ва матнро такмил намедоданд , сарфи назар шуда , ба ивази онҳо аксҳои дигар , ки аз диди ношир ҷолибтару нодиртар ва аз ҷиҳате такмилдиҳан даи матни асосӣ маҳсуб мешаванд , ҷой дода шуданд . Ҳамчунин дар тадвину таҳияи матн қонуни забони тоҷикӣ ва қоидаи имлои нав риоя карда шуд . Иловатан баъзе иштибоҳҳои ноширони пешин ба тавассути муқоисаву муко бала бо дигар нашрҳо , минҷумла нашри форсии ин китоб ( муҳаррири масъул Раҳим Ҳошим ) ислоҳ карда шуданд . Китоб хосатан барои мактабиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешавад .

Книги
Язык издания Таджикский
Переплет Твёрдый
Кол-во страниц 679
Год издания 2009
Написать отзыв
Примечание: HTML разметка не поддерживается! Используйте обычный текст.

Садриддин Айнӣ